Албатта, дар ин бобат ошпазҳои ӯзбек нақши бебаҳо мебозанд. Солҳои охир миқдори сайёҳон ба Ӯзбекистон то ки таомҳои нотакрори тайёрнамударо чашанд, ба дараҷаи назаррас меафзоянд. Имруз аъзои дастаи «Чустӣ»-ро дар тайёр кардани таомҳои миллӣ яке аз ошпазҳои моҳир эътироф кардан мумкин аст.

Даста зиёда аз 15 нафар устодони ҳунари худро ҷамъ овард, ки палави дӯстдоштаи ӯзбекиро дар қариб 10 кишвар, аз ҷумла Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, Испания, Латвия, Швейтсария, Туркия, Исроил, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Қазоқистон пухтаанд.

Дар байни онҳо на танҳо ошпазҳои ўзбек, балки намояндагони дигар миллатҳое, ки таомҳои ӯзбекро дар мамлакатҳои худ тарғиб мекунанд — ошпазҳои бомаҳорат аз Латвия, Германия ва Қазоқистон низ дар ин бобат садми худро мегузоранд.

Видеролик тайёр карда шудааст, ки дар он дар бораи коре, ки дастаи Чустӣ дар хориҷа ва дар мамлакати мо анҷом додааст, нақл мекунад. Чунин наворҳо ба таблиғи васеи гастротуризм дар Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар нигаронида шудаанд.

Барои маълумот: 1 декабри соли 2016 номинатсияи «Фарҳанг ва анъанаҳои оши палав» ба феҳристи мероси фарҳангии намояндагии ЮНЕСКО ва 8 сентябри соли 2017 таоми асосии миллӣ низ ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуд..