Қариб 500 омӯзгори Британияи Кабир барои кор дар мактабҳои Ӯзбекистон ҷалб мегарданд

    Таълим 23 May 2025 1380

    Вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ Ҳилола Умарова бо стипендиатҳои Бунёди «Эл-юрт умиди», ки дар Британияи Кабир таҳсил мекунанд, вохӯрӣ анҷом дод. Ин чорабинӣ дар Сафорати Ӯзбекистон дар шаҳри Лондон баргузор гардид.

    Дар ҷараёни мулоқот ба иштирокчиён тафсилоти Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба татбиқи ташаббуси “Кӯдакони лаёқатманди Президент”» муаррифӣ карда шуда, ҳамчунин оид ба имкониятҳои нави барои ҷавонон дар низоми маориф фароҳамгардида маълумот дода шуд.

    Ҳамзамон, бо намояндагони муассисаҳои таълимии Британияи Кабир ва ташкилотҳои шарик мулоқотҳои дуҷониба баргузор гардиданд.

    Дар натиҷаи сафар бо ташкилоти байналмилалии VSO (Volunteers Services Overseas) созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

    Бар пояи тавофуқҳои бадастомада, дар ояндаи наздик ба муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон беш аз 500 омӯзгори соҳибтахассус ва ихтиёриён аз Британияи Кабир ҷалб карда мешаванд.

    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates