Зиёда аз нӯҳ ҳазор кӯдак ба Соли нав Туҳфаҳои президентӣ хоҳанд гирифт

    Тибқи анъана, дар арафаи Соли нав дар саросари кишвар иқдоми “Арчаи президентӣ” баргузор мешавад. Ба кӯдакони бе парастор, тарбиягирандагони хонаҳои меҳрубонӣ, кӯдаконе, ки волидонашон дар ҳимояи Ватан ҷон бохтаанд, тӯҳфаҳо тақдим карда мешаванд.

    Кӯдакони то синни 12-сола аз Президенти кишварамон тӯҳфаҳо мегиранд, ки дар маҷмӯъ имсол 9070 нафарро ташкил медиҳад. Барои ҳар яки онҳо ба халтаҳо 21 номгӯй ашё ва нозу неъматҳои гуногун, аз ҷумла лавозимоти мактабӣ, энсиклопедияи кӯдакона ва шириниҳо ҷойгир карда шудаанд.

    Илова бар ин, барои 980 нафар кӯдакони аз 12-сола болои хонаҳои “Меҳрубонӣ”, шаҳракҳои кӯдакона, хонаҳои кӯдаконаи типи оилавӣ ва Деҳаи кӯдаконаи SOS ҳамчун туҳфа планшетҳо дода мешаванд.

    “Тӯҳфаҳои президентӣ” тавассути ҳавопаймо ба даҳ вилояти кишвар ва тавассути нақлиёти автомобилӣ ба вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах ва Тошканд таҳти назорати Сарраёсати бехатарии ҳаракати роҳ интиқол дода мешаванд.

    Туҳфаҳо ба кӯдакон дар фазои идона дар чорабиниҳои “Арчаи президентӣ” 29-30 декабр супурда мешаванд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates