11 ҳазор кӯдак аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон туҳфаҳои президентӣ мегиранд

    Рӯзи душанбеи 25 декабр тӯҳфаҳои президентӣ баста ва ба минтақаҳои Ӯзбекистон фиристода шуданд. Дар ин бора Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ хабар медиҳад.

    Аз ҷумла, барои кӯдакони аз 3 то 15-сола 11 ҳазор туҳфаи президентӣ омода шудааст. Сухан дар бораи тарбиятгирандагони Хонаҳои шафқат, ятимхонаҳои оилавӣ, иттиҳодияи «SOS - Деҳаҳои кӯдаконаи Ӯзбекистон», интернатҳои кӯдакони маъюби «Мурувват», хонандагони «Меҳрли мактаб» меравад. Тӯҳфаҳо инчунин барои кӯдакони ятим, бепарастор ва фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ, ки волидонашон дар ҳимояи Ватан ҳалок шудаанд, пешбинӣ шудааст.

    Ҳар як тӯҳфа аз табрикоти солинавии Сарвари давлат, 17 намуди шириниҳо, маводи канселярӣ, соатҳои оқил ва тахтаи магнитӣ иборат аст. Барои 1,6 ҳазор кӯдаки аз 12-сола боло планшетҳо ба бастаи тӯҳфаҳо дохил мешаванд, ки дар паём зикр шудааст.

    ҶС «Ўзбекистон ҳаво йўллари» тӯҳфаи президентиро ба Қароқалпоқистон ва нӯҳ минтақаи кишварамон: вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Навоӣ, Сурхондарё, Қашқадарё, Самарқанд, Андиҷон, Фарғона ва Намангон расонда медиҳад. Бар замми ин, ба пойтахт ва вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах ва Тошканд тӯҳфаҳо ба воситаи нақлиёти автомобилӣ расонда мешаванд.

    Рӯзҳои 29-30 декабр маросими тақдими тӯҳфаҳои президентӣ баргузор мешавад. Дар чорабиниҳо ҳокимони вилоятҳо иштирок мекунанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates