Қаблан Вазорати таълими халқ ба роҳбарони маъмуриятҳои маҳаллӣ ва мактабҳо қоидаҳои баргузории чорабиниҳоро дар рӯзҳои таҷлили Соли нав бо мақсади ҳифзи саломатии хонандагон дар давраи пандемияи коронавирус шарҳ дода буд.
Дар паёми нави ин вазорат гуфта мешавад, ки барои таҷлили Соли нави милодӣ дар ҳудуди макотиби миёна ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад.
Дар ҳамин ҳол, ба хотири ҷилавгирӣ аз пулҷамъкунӣ дар мактабҳо ва норозигии волидайн тавсия дода намешавад, ки таҷлили Соли нави милодӣ дар тарабхонаву қаҳвахона ва дигар муассисаҳои хӯрокворӣ баргузор шавад.
Вазорати таълими халқ хабар медиҳад, ки мамнӯъиятҳои марбут ба ташкили чорабиниҳои гуногуни корпоративӣ ва фароғатӣ аз ҷониби Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ нисбат ба вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ татбиқ карда шуданд.