Бо густариши равобити байналмилалӣ ва рушди инфрасохтори кишвари мо иқтидори сайёҳии он босуръат меафзояд. Яке аз марказҳои ҷолиби диққати сайёҳӣ, бешубҳа, ноҳияи Бӯстонлиқ мебошад. Ба туфайли обанбори Чорвоқ, дарёрии доимии давлат дар ноҳияи Бӯстонлиқ маҷмааҳои нави зиёд, аз ҷумла курортҳои “Амирсой” ва “Белдерсой-Чимган-Нанай” таъсис ёфтаанд. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир ба ноҳия зиёда аз 2 триллион сӯм сармоя ҷалб гардида, 59 иншооти нави сайёҳӣ барои 13 ҳазор ҷой ба истифода дода шуд.
Ин дастовардҳо таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро ба худ ҷалб намуда, имкониятҳоро барои татбиқи лоиҳаҳои боз ҳам бузургтар фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, соҳибкори озарбойҷонӣ Эмин Агаларов ва як қатор ширкатҳои бузурги сармоягузорӣ омодагии худро барои бунёди маркази байналмилалии сайёҳӣ бо номи “Sea Breeze Uzbekistan” дар соҳили обанбори Чорвоқ изҳор намуданд.
Мувофиқи лоиҳа, марказ аз минтақаҳои истироҳатӣ, соҳилҳо, майдонҳои варзишӣ, меҳмонхонаҳо, котеҷҳо ва маҷмааҳои истиқоматӣ иборат хоҳад буд. Ҳамчунин, кушодани мағозаҳои бренди ҷаҳонӣ, тарабхонаҳо ва нуқтаҳои хидматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин ҷо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, консертҳо ва фестивалҳо баргузор мешаванд. Барои фароҳам овардани қулайӣ меҳмонон сохтмони пули нав аз болои халиҷ пешбинӣ шудааст. Дар оянда марказ ба ҳаб (мавзеъ)-и беназири сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт, ки дар он метавон тамоми сол истироҳат ва зиндагӣ кард.
Президент ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, зарурати лоиҳакашӣ ва сохтмони марҳила ба марҳилаи марказро дар асоси таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таъкид кард. Тибқи супориши ӯ, комиссияе таҳти роҳбарии Сарвазир таъсис дода мешавад, ки заминаҳои ҳуқуқии татбиқи лоиҳаро таҳия намуда, ба ҳалли масъалаҳои инфрасохторӣ мусоидат мекунад.