Мувофиқи он ба варзишгаре, ки разряди на камтар аз разряди дуюми спортии чавононро дорад, бо намуди дахлдори варзиш (як ё якчанд) мунтазам машғул шуда, дар мусобиқаҳои варзишӣ мунтазам иштирок мекунад, паспорти спортӣ дода мешавад. Хизматрасонии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор (Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш) тавассути марказҳои хизматрасонии давлатӣ ё ПЯХДИ пешниҳод карда мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати адлия.
Барои варзишгарони то 16-сола волидон ё намояндагони қонунии онҳо муроҷиат мекунанд.
Шиноснома барои 5 сол эътибор дорад ва барои мақсадҳои зерин истифода мешавад:
– ҳангоми аз як муассисаи таълимию варзиши ба ташкилоти дигар гузаштан;
– ҳангоми бақайдгирӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ;
– ҳангоми гузаштан аз муоинаи тиббӣ;
– ҳангоми иҷрои меъёру талаботи барои гирифтани унвонҳои варзишӣ ва разрядҳои варзиши зарурӣ;
– дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ.
Ҳангоми пешниҳоди ариза ба воситаи ХДМ аз довталаб ба миқдори 1/6 воҳиди асосии ҳисоб (55 ҳазор сӯм) ҳақ гирифта мешавад. Ҳамзамон, аз шахсони дар “Феҳристи ягонаи иттилоотии ҳифзи иҷтимоӣ” ба қайд гирифташуда, инчунин шахсони маъюбии гурўҳҳои I ва II 50 фоизи маблағи пардохт ситонида мешавад.