Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занон ба моҳи марти соли 2022 кӯчонда мешавад

    Варзиш 11 Noyabr 2021 1175

    Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (AИБA) Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занонро, ки мебоист моҳи оянда баргузор мешуд, ба таъхир мегузорад.

    Занони пурзӯртарин ба чемпионати ҷаҳонии дар пешистода, ки моҳи декабр дар Туркия баргузор мешуд, омодагӣ медиданд. Ҳоло ин мусобиқаи бонуфуз ба соли оянда мавқуф гузошта мешавад.

    Сабаби он мавҷи навбатии пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон номида мешавад. Эълон карда шуд, ки Созмони байналмилалӣ оид ба ин масъала бо Федерациям миллии Туркия гуфтушунид дорад.

    Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Истамбул мебоист аз 6 то 19 декабри соли 2021 мусобиқаи ҷаҳонӣ барои ҷойи якум байни занон баргузор мешуд. Тибқи созишномаи нав, мӯҳлат ба моҳи марти соли оянда ба таъхир гузошта мешавад, хабар медиҳад хидмати матбуоти КМО.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates