Ҳамин тавр, дар ҷаҳиш ба баландӣ Сафина Саидуллоева дар зинаи 12-уми рейтинги ҷаҳонӣ қарор гирифт ва раҳбари Осиё эътироф шуд. Дар ҳамин навъи мусобиқа боз як варзишгари мо – Барнохон Саидуллоева дар мақоми 60-уми ҷаҳон ва 6-уми Осиё ҷойгир шуд.
Дар ҷаҳиши сегона Шарифа Давронова дар мақоми 19-уми ҷаҳон қарор дошта, бо боварӣ ҷойи аввалро дар Осиё ишғол мекунад.
Дар партофтани ядро бошад, Малика Насриддинова се зина боло рафт ва ҳоло дар мақоми 51-уми рейтингии ҷаҳон ва 8-уми Осиё қарор дорад.











