Дар кони “Даугызтау” оид ба истихроҷ натиҷаи рекордӣ ба қайд гирифта шуд

    Саноат 14 Fevral 2022 391

    1 марти соли ҷорӣ ба оғози азхудкунии кони “Даугызтау” дар Раёсати маъдани кӯҳии Шимолии ҶС “КМКН 20 сол пур мешавад. Дар кон, ки аз он ҷо ба комбинати гидрометаллургии рақами 3 маъдани тилло дода мешавад, қариб 500 нафар коргарон кор мекунанд.

    Солҳои охир дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар кон техника ва технологияҳои муосири истихроҷи маъдан азхуд карда шуд. Соли гузашта экскаватори «Hitachi EX-1200», ки зарфияташ шаш метри мукааб мебошад, оварда шуд. Ин таҷҳизоти кӯҳӣ дар як шабонарӯз ҳашт ҳазор мукаабметр ҷинсҳоро ба самосвалҳо бор мекунад. Дар баробари ин иқтидори истеҳсолӣ аз ҳисоби 200 метр дароз кардани конвейери технологии ҷараёни сикл зиёд карда шуд. Дар баробари ин дарозии умумии конвейер ба 1650 метр расид, ки ин имкон медиҳад, ки роҳи мошинҳои самосвал кутоҳ ва сузишворӣ сарфа карда шавад.

    Дар соли 2021 оид ба истихроҷ аз оғози коркарди кон натиҷаи рекордии истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуд. Дар конҳои “Даугызтау” ва “Мағрибкон” зиёда аз 33 миллион метри мукааб сангҳои кӯҳӣ истихроҷ карда шуданд. Ҷамоаи кон то имрӯз ба ГМЗ-3 зиёда аз 216 миллион тонна маъдан интиқол дод, хабар медихад маркази матбуоти ҶС “КМКН.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates