Муайян шудааст, ки шаҳрванди яке аз кишварҳои Халиҷи Форс, соли таваллудаш 1971, бо шаҳрванди як ҷумҳурии ҳамсоя, ки шахсияташ ҳоло муайян карда мешавад, забон як карда, маводи мухаддирро аз хориҷ бо мошини боркаши тамғаи Renault, ки худаш идора мекард, ба Ӯзбекистон ворид намудааст.

Ҳангоми кофтукови хонае дар ноҳияи Иштихон, ки шаҳрванди хориҷӣ муваққатан дар он ҷо иқомат дошт, кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони раёсатҳои вилоятии гумрук ва корҳои дохилӣ 20 килограмму 239 грам афюни истихроҷиро ошкор ва бо тартиби муқарраргардидаи мурофиавӣ мусодира карданд.

Гуфта мешавад, ки маводи мухаддир дар махфигоҳи мошини боркаш ва ҳамчунин дар дохили ду аккумулятор пинҳон карда шуда буд.

Нисбат ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони дигар тибқи моддаҳои 246 ва 273-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар доираи тафтишот барои муайян кардани ҳамаи шахсони дастдошта чораҳо андешида мешаванд.