Дар давоми амалиёт, ки бо ҳамкории кормандони Садорати Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Самарқанд, Садорати корҳои дохилии вилоят ва Садорати гумрук анҷом дода шуд, як шаҳрванди давлати хориҷӣ (соли таваллудаш 1992), инчунин се шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон — сокинони вилояти Самарқанд (солҳои таваллудашон 1981 ва 1995) боздошт гардиданд.
Дар натиҷаи санҷишҳои пешазтафтишӣ муайян гардид, ки шаҳрванди хориҷӣ дар миёни сангҳои мармаре, ки ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ ба мамлакати мо овардааст, маводи мухаддирро пинҳон кардааст. Шаҳрвандони маҳаллӣ бошад, бо паҳн намудани ин маводи мухаддир машғул будаанд.
Дар рафти амалиёти фаврӣ дар маҷмӯъ 37 килограмму 421 грамм маводи мухаддири навъи «опии экстраксионӣ» ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд.
Ҳоло нисбат ба ин ашхос парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи эҳтиётии ҳабс татбиқ шудааст. Амалҳои тафтишотӣ идома доранд.