Сарвари давлат аз корхонаи нави бофандагӣ дидан кард

    Ҳукумат 23 Noyabr 2021 3230

    Президент инчунин бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Реал текс Тошканд»-и ноҳия шинос гардид.

    Корхонае, ки қимати лоиҳавиаш 50 миллион доллар мебошад, моҳи майи соли ҷорӣ ба кор андохта шуд. Таҷҳизоти замонавӣ насб гардида, истеҳсоли калоба, матоъ ва газвори омода, рангубордиҳӣ ва нақшбандӣ ба роҳ андохта шудааст. Дар давраи кӯтоҳи гузашта ба миқдори 390 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол гардида, ба миқдори 19 миллион доллар амвол содир гардид.

    Корхона соле иқтидори тавлиди 22 ҳазор тонна калоба ва қариб 6 миллион погонометр матоъро дорад. Дар ин ҷо 1800 нафар меҳнат мекунанд.

    Роҳбари давлат маҳсулоти корхонаро аз назар гузаронда, ба шахсони масъул дар бобати азхуд намудани марҳилаҳои баъдии азнавкоркард, васеъ намудани номгӯй ва ҷуғрофияи содироти маҳсулот супоришҳо дод.

    Дар ин ҷо ҷамъомад бо иштироки ҳокимон, роҳбарони секторҳо, раисони маҳаллаҳои шаҳри Тошканд ва ноҳияҳои пойтахт ба вуқӯъ пайваст.

    Дар ҷамъомад хусусан ба ташкил намудани фаъолияти ёварони ҳокимони ноҳияҳо ва ёварони ҳокими шаҳри Тошканд - пешвои ҷавонон дар маҳаллаҳо эътибори алоҳида нигаронда шуд.

    - Чунин таҷриба дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Барои иҷрои ин вазифа пеш аз ҳама бояд шуҷоатнок буд, халқи худро дӯст бояд дошт. Онҳое, ки дар ин ду вазифа кор хоҳанд кард, пойгоҳи ислоҳот дар маҳалла мегарданд. Онҳо сиёсати давлатро дар бобати инкишофи соҳибкорӣ, коҳиши бекорӣ ва дастгирии ҷавонон татбиқ хоҳанд кард. Ин масъулияти бузург ва шарафи калон аст, - гуфт Президент.

    Ёварони навтаъини ҳокимон ва пешвоёни ҷавонони ноҳияи Шайхонтаҳур дар бобати масъалаҳои маҳаллаҳо нақл карданд ва дар бобати ҳалли онҳо фикрашонро иброз намуданд. Роҳбари давлат пешниҳодоти онҳоро дастгирӣ намуд ва ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates