Сарони давлатҳо аз заводи экскаватори Урганч дидан карданд

    Ҳукумат 3 Iyun 2022 4329

    Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии Президент Шавкат Мирзиёев аз корхонаи муштараки “UzXCMG” дар шаҳри Урганч боздид ба амал оварданд.

    Ин корхонаи ӯзбекистонию чинӣ соли 2014 ташкил шуда буд. Дар марҳалаи якуми лоиҳа дар ин ҷо банду басти ҷузъҳои калонгиреҳ, дар мархалаи дуюм — банду басти саноатии техникаи хоҷагии қишлоқ, дар марҳалаи сеюм маҳалликунонии истеҳсолот ба роҳ монда шудааст.

    Ҳоло дар ин ҷо 13 хел экскаватор ва 10 хел техникаи махсус истеҳсол карда мешавад. Қаблан чунин техникае, ки дар соҳаи об, соҳаи роҳсозӣ серталаб аст, аз хориҷ бо асъори хориҷӣ оварда мешуд. Дар бобати бо қисмҳои эҳтиётӣ таъмин кардан ва хидматрасонӣ бисёр душвориҳо ба амал омаданд.

    Ба кор андохта шудани корхонаи муштарак имкон дод, ки на танҳо ин талабот конеъ гардад, балки иқтидори иқтисодии вилоят боз ҳам афзун гардад, сари вақт ба ҷо овардани корҳои ирригатсионию мелиоративӣ таъмин карда шавад.

    То имрӯз дар корхона ҳудуди 2 ҳазор адад таҷҳизоти махсус дар асоси стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шудааст. Дараҷаи маҳалигардонӣ аз 50 фоиз гузаштааст. Дар оянда содироти маҳсулот, аз ҷумла ба кишварҳои ҳамсоя ба нақша гирифта шудааст. Экскаваторҳо ва техникаи махсусро низ мувофиқи фармоиш тайёр кардан мумкин аст.

    Меҳмонони тоҷик бо рафти кори завод, намунаҳои техникаи хоҷагии қишлоқ ва махсус шинос шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates