Дар ин чорабинӣ зиёда аз 240 вакили парлумон аз 51 кишвар иштирок карданд.
Дар ҷаласаҳои Ассамблеяи парлумонӣ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, инчунин масъалаҳои экология, энергетика ва рушди устувор диққати махсус дода шуд.
Ҳайати Ӯзбекистон дар бораи дурнамои стратегии рушди "иқтисоди сабз" дар кишвар ва ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергия маълумот доданд. Ҳамзамон, қадамҳо ва ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати тақвияти амнияти экологӣ ва баланд бардоштани самаранокии энержӣ зикр гардиданд.
Дар рӯзи дуюми ҷаласа аъзои ҳайати Олий Маҷлис таъкид намуданд, ки интихоботи парлумонии дар Ӯзбекистон баргузоргардида як марҳилаи муҳими рушди сиёсӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, қайд шуд, ки иштироки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ассамблеяи парлумонии САҲА ҳамчун нозирони байналмилалӣ аҳамият ва шаффофияти ин интихоботро таъкид мекунад.
Дар рафти сессияи зимистона, аъзои ҳайати Олий Маҷлис инчунин дар "мизи мудаввар" баробари намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи махсуси САҲА оид ба Осиёи Марказӣ иштирок карда, як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом доданд.