Мулоқот ва гуфтушунид бо директори Академияи тафтишоти полиси Корея Ли Хюн Се баргузор гардид. Дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи фаъолияти таълимӣ ва илмӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Аъзои ҳайат бо фаъолияти Академияи тафтишотии полиси Корея, аз ҷумла бо механизмҳои такмили ихтисоси кормандони милитсия ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар раванди таълим бодиққат шинос шуданд.