Ҳайати Ӯзбекистон бо боздиди расмӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб

    Дар доираи барномаи сафари расмӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб аъзои ҳайат таҳти роҳбарии Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева ба маҷмӯи ёдгории "Ваҳот ал-Карама" ва масҷиди "Шайх Зоид" ташриф овард.

    Дар маҷмааи ёдгории "Ваҳот ал Карама" директори иҷроияи Шайх Халифа бин Тахнун бин Муҳаммад Ол Нахайён ҳайати Ӯзбекистонро пешвоз гирифт.

    Ёдгорӣ, ки маънояш “Оазиси шаъну шараф”-ро дорад, бо фармони Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа бин Зоид Ол Наҳайён ба ифтихори онҳое, ки дар роҳи озодӣ ва ваҳдати Амороти Муттаҳида кушта шудаанд, гузошта шудааст.

    Раиси Сенати Олий Маҷлис ба хотираи қаҳрамонон, ки ҷонашонро барои ин кишвар нисор кардаанд, эҳтиром ба ҷо оварда, дар Китоби меҳмонони фахрӣ орзуҳои худро инъикос намуд.

    Баъд аз он ҳайати Ӯзбекистон аз масҷиди "Шайх Зоид" дидан карданд. Аъзои хайати вакилон бо таърихи бунёди масҷид муфассал шинос шуданд.

    Масҷиди "Шайх Зоид" тибқи нақшаи бунёдгузори Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Зоид бин Султон Ол Наҳаён сохта шудааст. Ҳадафи аслии маҷмаа бунёди макони махсуси зиёрат барои сокинони маҳаллӣ ва меҳмонони пойтахт, ба ҳам пайвастани фарҳангҳои халқҳои гуногун мебошад. Гирду атрофи масҷидро чор манораи баландиаш 106 метр иҳота кардааст.

    Сарвари хайати вакилони Ӯзбекистон дар китоби меҳмонони фахрии масҷиди «Шайх Зоид» навиштаҷот гузошт.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates