Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои муноқишаи дар байни Исроил ва ХАМАС давомёфтаистода, ҷустуҷӯи роҳҳои хотима додан ба он ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Фаластин ворид шудаанд. Ин чорабинӣ бо ибтикори Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Интизор меравад, ки дар иҷлосия Котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Тоҳи, вазири умури хориҷии Фаластин Риёз Малкӣ, инчунин вазирону намояндагони доимии кишварҳои узви ин созмон, ки барои ширкат дар ин чорабинӣ омадаанд, суханронӣ кунанд.
Дар поёни чорабинӣ қабул кардани баёния ба нақша гирифта шудааст.