Ҳайати Ўзбекистон дар чорабиниҳои Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Вена иштирок кард

    Бехатарӣ 19 Dekabr 2022 1497

    Ҳайати Ўзбекистон таҳти сарварии директори Маркази миллии иттилоотиву таҳлилии оид ба назорати маводи мухаддири назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷамъомади Гурӯҳи машваратии ташббуси Пакти Париж - сохтори муҳимтарин барои мубориза бо қочоқи ғайриқонунии афюнҳои афғон ва ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир иштирок кард.

    Зимни чорабиниҳо ва вохӯриҳои аъзои ҳайат бо масъулини Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), масъалаҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ, корҳое, ки дар ҷумҳурӣ тавассути ҳамкории фаромарзӣ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалӣ амалӣ мегарданд, баррасӣ шуданд.

    Мавқеи ҷумҳурӣ оид ба Афғонистон эълон шуда, дар бораи кумаки ҷониби Ӯзбекистон ба мардуми Афғонистон, иштироки Тошканд дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар ин кишвар, фаъолияти Хаби байналмилалии оид ба нақлиёт ва логистика ва Кластери таълимӣ дар шаҳри Тирмиз, инчунин ташаббуси роҳбарияти ҷумҳурӣ дар мавриди таъсиси гурӯҳи байналмилалии гуфтушунид таҳти шафоати СММ маълумот дода шуд.

    Таъкид гардид, ки Афғонистон як ҷузъи ҷудонашавандаи Осиёи Марказӣ аст ва сулҳи пойдор дар ин кишвар гарави суботу шукуфоии тамоми минтақа аст, хабар медиҳад хабаргузории «Дунё».

    Ба гуфтаи шахсони расмии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Ӯзбекистон дар заминаи иҷрои Паймони Париж ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Афғонистон як кишвари калидӣ дар Осиёи Марказӣ аст. Онҳо нақши муҳими маркази тадқиқотиро оид ба таҳлил ва мониторинги вазъият дар Афғонистон, ки дар Ӯзбекистон таъсис ёфта, дар ба даст овардани маълумоти муосири омори марбут ба қочоқи маводи мухаддири Афғонистон нақши калидӣ мебозад, таъкид намуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates