Дар ҷамъомад, ки ҳам ҳузурӣ ва ҳам онлайн баргузор шуд, роҳбарони маъмуриятҳои собиқ ва амалкунандаи сайёҳии кишварҳо аз Юнон, Испания, Италия, Олмон, Австрия, Финляндия, Шветсия, Британияи Кабир, Туркия, Озарбойҷон, Малайзия, АМА, ҷазираҳои Молдив ва дигар кишварҳо, комиссарони аврупоӣ, аъзои Парлумони Аврупо, инчунин намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.
Ҷониби Ӯзбекистон иштирокчиёнро бо натиҷаҳои ислоҳотҳои васеъмиқёс, ки дар соҳаи сайёҳии кишвар дар солҳои охир анҷом дода шудаанд, аз ҷумла корҳои барои рушди сайёҳии устувор анҷомдодашуда ошно намуд. Дар ин ҷамъомад гӯшае барои таблиғи васеи иқтидори сайёҳии кишвари мо ташкил шуда, як қатор видеороликҳо намоиш дода шуданд.
Ҳангоми сафари худ ҳайати Ӯзбекистон як қатор гуфтушунидҳои дуҷониба гузаронд, то дурнамои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намояд.