Зимни чорабинӣ талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли бӯҳрони Афғонистон, ҳарчӣ зудтар расонидани кумакҳои башардӯстона ва дигар ба кишвар баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъи кунунии Афғонистон, коркарди мавқеи муттаҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ чи дар робита ба мақомоти нави ин кишвар ва дурнамои истиқрори сулҳи пойдору дарозмуддат дар Афғонистон табодули назар карданд.

Аҳамияти расонидани кумак дар барқарорсозии иқтисоди Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои гуногуни инфрасохторӣ дар ин кишвар, аз ҷумла, дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия қайд карда шуд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он иштирокчиён пешниҳоди ҷониби Ӯзбекистонро дар бораи таъсиси Гурӯҳи байналмилалии музокира дар назди Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон.