Депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ Омбудсмани нави кӯдаконро интихоб карданд

    Дар ҷаласаи имрӯзаи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, масъалаи интихоби Ваколатдори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи кӯдакон баррасӣ шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.

    «Дар ҷамъомад вакилон Сурайё Раҳмоноваро ба вазифаи намояндаи Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи кӯдак (Омбудсмани кӯдакон) интихоб карданд. Қарори қабулшуда ба Сенати Олий Маҷлис ирсол карда мешавад», — гуфта мешавад дар хабар.

    Таъкид мегардад, ки Сурайё Раҳмонова қаблан дар вазифаҳое, аз қабили сардори хидмати матбуоти Прокуратураи генералӣ, сардори раёсати Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ ва ғайра кор кардааст.

    Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ маълум шуд, ки Алия Юнусова ин мақомро тарк мекунад. Арбоби давлатӣ аз соли 2020 инҷониб вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (Омбудсмани кӯдакон)-ро бар ӯҳда дорад. Алия Юнусова аз истеъфои худ аз ин мақом дар саҳифаи шахсии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.

    Акнун номзадии Омбудсмани нави кӯдакон бояд аз ҷониби Сенат тасдиқ шавад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates