Дар доираи чорабиниҳои мақсаднок, ки аз ҷониби дипломатҳои Консулгарии генералӣ бо ҳамоҳангии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон гузаронида шуданд, марҳилаҳои муайян кардани шаҳрвандии кӯдакон, мавҷудияти хешовандон дар кишвари мо ва дигар расмиёти лозима бо мақомоти Русия анҷом дода шуданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Кӯдакон дар ҳамроҳии дипломатҳо аз Хонаи кӯдакон, ки дар ҳудуди муассисаи ислоҳӣ ҷойгир буд, сиҳату саломат баромада, ба кормандони ВКД ва табибоне, ки аз Ӯзбекистон фиристода шуда буданд, супурда шуданд.
Бояд қайд кард, ки репатриатсияи кӯдакони узбекистонӣ аз Хонаи кӯдакон, ки дар ҳудуди муассисаи иҷрои ҷазоии Русия ҷойгир аст, бори аввал сурат гирифт.