Дар ин бора хабарнигори ИА «Дунё» иттилоъ медиҳад.

Муроҷиаткунандагон изҳор доштанд, ки бинобар амалҳои қаллобонаи як оҷонсии хусусии шуғл, ки сафари онҳоро ба хориҷ бо мақсади кор таъмин кардан ташкил намуда буд, барои харидани чиптаҳои ҳавопаймоӣ маблағи кофӣ надоранд.

Бо дарназардошти вазъияти баамаломада, сафорат бо Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон тамоси корӣ барқарор намуд. Дар натиҷаи мувофиқаҳои анҷомдодашуда, аз ҳисоби маблағҳои Фонди дастгирӣ ва кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои муроҷиаткунандагон чиптаҳои ҳавопаймоӣ харидорӣ гардиданд.

17 январ ҳамватанон ба Ватан баргаштанд.

Корҳои сафорат оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар хориҷ ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, идома дорад.