Ҷамъомади умумии бистуҳаштуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон 8 июл баргузор мегардад

    5 июли соли ҷорӣ ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид. Ба кори он Раиси Сенат Танзила Норбоева роҳбарӣ кард. Дар ҷамъомад дар бораи 8 июли соли 2022 даъват намудани ҷамъомади умумии бистуҳаштуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон қарор қабул гардид.

    Зимнан зикр гардид, ки дар ҳошияи ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли робитаи видеоконфронс доир мегардад, баррасии як қатор масъалаҳо дар назар аст.

    Қонунҳо «Дар бораи фаъолият оид ба машварати андоз», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз ҷумлаи онҳост.

    Ба ғайр аз ин, шунидани ҳисоботи Девони Вазирон дар бораи иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҷамъбасти соли 2021 ва дар бораи иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар семоҳаи аввали соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.

    Сенаторон, инчунин, масъалаҳои ба Девони Вазирон ирсол намудани дархост дар бораи тоза кардани маҷрои дарёҳо ва мустаҳкам кардани соҳили онҳо, таъсири манфии канданиҳои фоиданоки ғайримаъдан ба объектҳои муҳити зист, хоҷагии об ва роҳ, дар бораи иҷрои барномаи маҳаллигардонӣ дар соҳаи истеҳсолии иқтисодиётро баррасӣ хоҳанд кард.

    Дар рафти ҷамъомади умумӣ натиҷаҳои дархостҳои парлумонӣ ба Девони Вазирон вобаста ба андешидани тадбирҳо оид ба таъмини афзоиши устувори ҳаҷми содирот ва диверсификатсияи намудҳои он, вазъи таъмини бехатарии воситаҳои нақлиёти бо баллонҳои газ муҷаҳҳазшуда, инчунин ҳолати ёрии тиббӣ, ки ба занони ҳомила ва занони синни репродуктивӣ, инчунин бачаҳои навзод расонда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

    Дар чаҳорчӯби ҷамъомади умумӣ, тасвиби қарорҳои Шӯрои Сенати Олий Маҷлис ба нақша гирифта шудааст.

    Хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates