Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.

Гуфта мешавад, ки барои шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба вилоятҳои водӣ ё аз водӣ ба шаҳри Тошканд омаданро доранд, дар вокзалҳои «Поп», «Темирйўлобод», «Ангрен» ва «Оҳангарон» қаторҳои иловагӣ ба роҳ монда шудаанд.

Корҳои роҳнамоии мусофирон ба вокзалҳо таҳти роҳбарии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва роҳи оҳан ҳамоҳанг карда мешаванд.