Тибқи маълумоти хадамоти «Узгидромет», хатари сел дар ноҳияҳои зерин пешбинӣ мешавад:

Вилояти Қашқадарё: ноҳияҳои Яккабоғ, Деҳқонобод, Чироқчӣ, Китоб, Шаҳрисабз, Қамашӣ, Гузор;

Вилояти Сурхандарё: ноҳияҳои Сариосиё, Узун, Олтинсой, Денов, Бойсун, Шеробод, Шӯрчӣ, Қумқӯрғон, Мӯзработ;

Вилояти Самарқанд: ноҳияҳои Ургут, Самарқанд, Булунғур, Нуробод, Қӯшработ, Каттақӯрғон, Пойариқ, Ҷомбой, Иштихон;

Вилояти Навоӣ: ноҳияҳои Ҳатирчи, Навбаҳор, Нурота, Конимеҳ, Қармана;

Вилояти Ҷиззах: ноҳияҳои Зоомин, Баҳмал, Ғаллаорол, Шараф-Рашидов, Фориш, Янгиобод;

Вилояти Тошканд: ноҳияҳои Оҳангарон, Бӯстонлиқ, Паркент, Пискент, Уртачирчиқ, Юқоричирчиқ ва шаҳрҳои Ангрен, Олмалиқ;

Вилояти Намангон: ноҳияҳои Поп, Косонсой, Чортоқ, Чуст, Намангон, Янгиқўрғон;

Вилояти Фарғона: ноҳияҳои Сӯх, Шоҳимардон, Фарғона, Бешариқ;

Вилояти Андиҷон: ноҳияҳои Андиҷон, Асака, Ҷалақудуқ, Қӯрғонтеппа, Пахтаобод, Избоскан, Хоҷабод, Марҳамат ва шаҳри Хонобод.

Аз шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳистону доманакӯҳ зиндагӣ мекунанд, истироҳаткунандагон ва ронандагоне, ки ба минтақаҳои кӯҳӣ сафар мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки чораҳои эҳтиётиро риоя намоянд.

Дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ эҳтимоли ҷамъ шудани оби борон, ки метавонад  боиси обхезӣ гардад, вуҷуд дорад.