Мақомоти Иттиҳоди Аврупо роҳҳои гуногуни таъмини амнияти бузургтарин ҷазираи ҷаҳонро аз эҳтимоли амалҳои Вашингтон баррасӣ мекунанд. Дар бораи се сенарияи эҳтимолии ҳифзи Гренландия нашрияи The Economist хабар медиҳад.
Дар пасманзари изҳороти Трамп, ҳампаймонҳо дар доираи НАТО аллакай тақрибан 35 низомиро ба Гренландия фиристодаанд, то ҳифзи онро тақвият бахшанд.
Сенарияи аввал, ки "Оромкунии вазъият" ном дорад, чораҳои дипломатиро дар бар мегирад, аз ҷумла бовар кунонидани тарафи Амрико ба он ки Русия ва Чин барои минтақа таҳдид эҷод намекунанд, инчунин таъсиси ташаббуси Arctic Guardian.
Варианти дуюм бо номи «Саддгузорӣ ва чораҳои ҷавобӣ» фишори иқтисодиро алайҳи ИМА пешбинӣ мекунад. Ин метавонад дар шакли таҳримҳо нисбат ба ширкатҳое, ки бидуни иҷозати дахлдор захираҳои Гренландияро истихроҷ мекунанд, фурӯши вомбаргҳои давлатии Амрико ё бастани пойгоҳҳои ҳарбии ИМА дар Аврупо зоҳир шавад.
Равиши сеюм — «Интизори ҳадафи нав» — ба эҳтимоли тағйир ёфтани авлавиятҳои Трамп асос меёбад. Тибқи ин сенария, таваҷҷуҳи президент метавонад ба масъалаҳои дигар, аз қабили низоъ бо Эрон ё интихоботи соли 2026 равона шавад, ва изҳороти ӯ дар бораи Гренландия танҳо як қадами тактикӣ барои ба даст овардани имтиёзҳо аз Дания мебошад.
Ёдовар мешавем, ки президенти ИМА Доналд Трамп дар арафаи мулоқоти намояндагонаш бо вазирони Дания ва Гренландия навишта буд, ки гӯё Дания бояд «фавран аз Гренландия берун равад». Ӯ ҳамчунин ҳар гуна варианти дигарро, ба ҷуз гузаштани ҷазира зери назорати ИМА, «ғайриқобили қабул» номидааст, хабар медиҳад korrespondent.net.