“EXPO 2020 Dubai - Uzbekistan Energy Week”: “Uzbekistan GTL” бо ширкати HIMA шартнома имзо кард

    Энергетика 14 Fevral 2022 1136

    13 феврали соли 2022 дар доираи Ҳафтаи энергетикаи Ӯзбекистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии “ЭКСПО 2020” (Дубай, АМА) “Uzbekistan GTL” бо яке аз бонуфузтарин таъминкунандагони ҳалли интеллектуалии амният барои саноат, ширкати “HIMA” шартнома ба имзо расонд.

    Дар заводи GTL-и Ӯзбекистон бо мақсади таъмин намудани силсилаи муттасили истеҳсолот, бехатарии устувори технологӣ ва саноатӣ навтарин системаҳои автоматикунонӣ ва бехатарии завод ҷорӣ карда мешавад. “Hima Middle East ZFE” дар заводи «Uzbekistan GTL» системаҳои автоматикунонии интеллектуалӣ дар соҳаи амнияти рақамӣ ба монанди “Hima Smart Safety Management” ва “Safety Lifecycle Services” насб мекунад.

    Ғайр аз ин, дар доираи шартномаҳои имзошуда расондани хиз-матрасонии техникӣ, инчунин ташкили омӯзиши махсуси мутахассисони заводи GTL ба назар гирифта шудааст.

    “HIMA” интиқолдиҳандаи пешбари мустақили ҷаҳонии ҳалли автоматикунонии марбут ба бехатарӣ барои саноати технология ва роҳи оҳан барои ҳифзи одамон, муҳити зист ва дороиҳои сармоя мебошад.

    Ширкати бо қароргоҳаш дар Олмон соли 1908 асосёфта қариб 800 корманд мавҷуд буда, дар беш аз 50 нуқтаи тамоми ҷаҳон кор мекунанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates