Филми "Илҳақ" ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд

    Фарҳанг 7 Iyun 2021 599

    Филми бадеии "Илҳақ"-и Ҷаҳонгир Аҳмадов, ки бо дастури Агентии кинематография аз ҷониби киностудияи "Ezgu film" ба навор гирифта шудааст, ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд.

    Филм ба 75-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида шуда, дар бораи сарнавишт ва ғаму андӯҳи Зулфия Зокирова, зане, ки панҷ фарзандашро ба фронт фиристодааст, нақл мекунад.

    Қаблан, филм ба забони русӣ тарҷума шуда, бори аввал дар доираи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-22 майи соли ҷорӣ намоиш дода шуда буд.

    Дар ҳоли ҳозир, нусхаҳои филм бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ омодаанд, инчунин нусхааш бо субтитрҳо бо забони англисӣ низ омода аст.

    Бино ба иттилои хидмати иттилоотии Агентии кинематография, дар оянда тарҷумаи филми бадеӣ ба забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ ба нақша гирифта шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates