Мансабдорони амрикоӣ дар соҳаи мудофиа ба ҳамтоёни аврупоии худ иттилоъ додаанд, ки ИМА дар доираи кафолатҳои амниятӣ барои Украина метавонанд воситаҳои иктишофӣ, сохторҳои идоракунӣ ва системаҳои калидиро, ки барои таъмини амнияти ҳавоӣ заруранд, дар ихтиёри нерӯҳои ғарбӣ гузоранд, менависад Financial Times бо истинод ба манбаъҳо.

Ин, ба гуфтаи нашрия, аз тағйири ҷиддӣ дар мавқеи Кохи Сафед шаҳодат медиҳад. Мансабдорони аврупоӣ таъкид мекунанд, ки то ҳар гуна қарор дар бораи кафолатҳои амниятӣ ҳанӯз дур аст, аммо яке аз монеаҳои асосӣ – барои кӯмак хоҳиш надоштани Трамп  аз байн рафтааст.

Ба гуфтаи манбаъҳои FT, Трамп дарк кардааст, ки ба даст овардани созиши оташбас дар Украина ва кӯшиши шахсии ӯ барои ҷоизаи Нобел саҳми муайяни Амрикоро дар таъмини сулҳи дарозмуддат талаб мекунад. Ғайр аз ин, ваъдаи Аврупо дар бораи афзоиши хароҷоти низомӣ то 5% аз ММД ба қитъа дар назди Кохи Сафед эътимод бахшид, илова мекунанд ҳамсуҳбатони FT.

Лоиҳаи пешакии пешниҳод оид ба кафолатҳои амниятӣ метавонад «ба зудӣ» пешниҳод шавад, мегӯянд манбаъҳо. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад, ки кадом кишварҳои аврупоӣ омодаанд нерӯҳои худро равон кунанд ва оё Владимир Путин ба ин розӣ мешавад ё не. Кремл ҳузури низомиёни ғарбиро дар Украина борҳо комилан ғайриқобили қабул номидааст, менависад meduza.io.