"Газпромбонк" ва ширкати "ЭКСАР"  барномаи сармоягузории навсозии низоми газунақлиётии Ӯзбекистонро дастгирӣ карданд

    Сармояҳо 12 Oktabr 2021 1044

    Ҷамъияти саҳҳомии "Газпромбонк", Gazprombank (Switzerland) Ltd. ва Bank GPB International S.A. бо ҶС "ЭКСАР" ба мақсади татбиқи лоиҳаи ҶС "Узтрансгаз" оид ба навсозии низоми газунақлиётӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи қарзи суғурта имзо кард.

    Аз ҷониби "Газпромбонк" пешниҳод шудани бридж-қарзи синдикатӣ таҳти "ЭКСАР" ба маблағи 300 млн доллари ИМА ибтидои маблағгузории "Барномаи навсозӣ ва баланд бардоштани самарабахшии низоми газунақлиёти магистралӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022" мебошад, ки дар доираи он сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии 545 километр қубури газ, инчунин азнавсозии дастгоҳҳои компрессорӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад хидмати матбуоти "Газпромбонк".

    Бинобар кредит пешниҳоди адои суғуртавӣ аз ҷониби ҶС "ЭКСАР" имконияти дастгирии содироти маҳсулоти трубагии ҶСИ "Заводи трубопрокати Челябинск" ва хидмати сохтмону васлкунии ҶММ "Надимстройгаздобича"-ро фароҳам меорад.

    «Газпромбанк солҳои зиёд дар Ҷумҳуриии Ўзбекистон лоиҳаҳоро дастгирӣ мекунад ва созишномаи имрӯза бо ҶС "ЭКСАР" ба ҳамкории навбатии ба ҳам муфид ибтидо мегузорад, хусусан, дар қонеъ гардондани эҳтиёҷоти низоми газунақлиётии Ӯзбекистон дар навсозӣ мусоидат мекунад, интиқоли маҳсулоти ватаниро ба бозорҳои хориҷӣ рағбатнок месозад, ба рушди бозори хидматҳои байналмилалии молиявӣ мусоидат намуда, инчунин зинаи муҳими шарикии стратегии Русия ва Ӯзбекистон мегардад, -- шарҳ дод муовини раиси раёсати "Газпромбанк" Алексей Матвеев.

    "ЭКСАР" аллакай дар дастгирии лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори Ӯзбекистон таҷрибаи мусбат дорад. Фарогирии суғуртаи "ЭКСАР" имкон медиҳад, ки сохтори маблағгузории чунин лоиҳаҳои калони мураккаб оптимизатсия карда шавад ва унсури муҳими дастгирии содироти ғайриашёихоми Русия мебошад. Мо манфиатдорем, ки минбаъд низ оид ба лоиҳаҳои соҳаҳои иқтисодиёти Ӯзбекистон дар доираи дастгирии содиркунандагони маҳсулоти балангдтехнологии Русия фаъолона кор кунем», -- гуфт директори генералии ҶС «ЭКСАР» Никита Гусаков.

    «Дар боираи шарикии бисёрҷонибаи стратегӣ байни Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Федератсияи Русия бо дастгирии институтҳои молиявӣ Барномаи навсозӣ ва баланд бардоштани самарабахшии низоми газунақлиётии магистралии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022 татбиқ мегардад. Лоиҳаи мазкур лоиҳаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳим оид ба беҳдошти низоми газунақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад ва мо бо камоли хушнудӣ эълон мекунем, ки бо Газпромбонк ва ҶС "ЭКСАР" оиди маблағгузории лоиҳа ба мувофиқа расидем. Ин ба мо имкон дод, ки лоиҳаро дар вақташ оғоз кунем, ки махсусан пеш аз давраи тирамоҳу зимистон барои таъминоти мунтазами аҳолӣ ва иқтисодиёт бо гази табиӣ муҳим аст», -- гуфт раиси раёсати ҶС «Узтрансгаз» Беҳзот Норматов.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates