Котиботи генералии Интерпол ба фаъолияти БММ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баҳои баланд дод

    Бехатарӣ 22 Avgust 2022 1755

    Дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилӣ ва бехатарии ҷамъиятии давлатҳои аъзои СҲШ ҳайати Котиботи генералии Созмони байналмилалии полиси ҷиноии Интерпол таҳти роҳбарии директори иҷроияи хадамоти полиси ин созмон ҷаноби Стефен Каван, бо сафари корӣ ба Тошкент омад.

    Зимни сафари ҳайат бо роҳбарият ва кормандони Бюрои миллии марказии Интерпол вохӯрӣ доир гардид, ки дар он мушкилот, вазифаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Зимни боздид аз бюро дар вазъияти тантанавӣ ба намояндагони хадамоти гуногуни ВКД ва идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ, ки курсҳои омӯзишии онлайнро дар мавзӯъҳои «Параметрҳои биометрӣ ва табодули байналмилалии маълумот» ва «Имкониятҳои полиси Интерпол», ки аз ҷониби Котиботи генералӣ ташкил карда шудааст, бомуваффақият хатм намудаанд, шаҳодатномаҳо супорида шуд.

    Ҳайати Котиботи генералии Интерпол ба фаъолияти БММ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва саъю кӯшиши он ба густариши минбаъда ва таҳкими иқтидори он дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ ба хотири таҳкими сулҳ баҳои баланд дод.

    Бюрои марказии миллии Интерпол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates