Дабири кулли НАТО ба се кишвар барои тиҷорат бо Русия ба таҳримҳо таҳдид кард

    Бразилия, Чин ва Ҳиндустон агар тиҷорати худро бо Русия қатъ накунанд, метавонанд бо таҳримҳои дуюмдараҷа рӯ ба рӯ шаванд,. Бо чунин таҳдид дабири кулли НАТО Марк Рютте изҳорот дод, хабар медиҳад Reuters.

    «Ман ин се кишварро даъват мекунам, махсусан агар шумо ҳоло дар Пекин ё Деҳлӣ зиндагӣ кунед ё президенти Бразилия бошед, ба ин масъала ҷиддӣ диққат диҳед, зеро ин метавонад ба шумо зарбаи сахт расонад», — гуфт Рютте.

    Дабири кулли НАТО ҳамчунин таъкид кард, ки Аврупо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад ва маблағҳои заруриро ҷудо мекунад, то ба Украина мавқеи беҳтаринро дар музокироти сулҳ фароҳам оварад, менависад lenta.ru.

    Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп ваъда дода буд, ки агар дар давоми 50 рӯз созиши сулҳ дар Украина ба даст наояд, боҷи 100-фоиза алайҳи Русия ва шарикони тиҷоратии он ҷорӣ мекунад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates