Дар рафти музокирот ҳолат ва пешомади рушди шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ байни Ўзбекистон ва Чин баррасӣ гардид.  

Вазирон рафти татбиқи амалии тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, иҷрои вазифаҳои оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои ояндадори ҳамкорӣ ба миён гузоштаи роҳбарони ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Аҳамияти татбиқи амалии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон", аз ҷумла тезонидани коркарди асосҳои техникию иқтисодии он таъкид шуд.

Ҷонибҳо оид ба амиқсозии муколамаи созанда дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, рафти омодагӣ ба Ҳамоиши сарони ин созмон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Самарқанд, ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

Вазирон ба механизмҳои ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини амнияти минтақа, мусоидат ба ноил шудан ба сулҳи пойдор дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиёти он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои дигари рӯзномаи дуҷониба низ баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.