Сарони ВКХ-и Ӯзбекистон ва Кувайт тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

    18 декабр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Ал-Яҳё суҳбати телефонӣ анҷом дод.

    «Бо вазири корҳои хориҷии Кувайт ҷаноби Абдуллоҳ Алӣ Ал-Яҳё телефонӣ суҳбат кардем, – дар канали телеграмии худ навиштааст сарвари ВКХ-и Ӯзбекистон. – Барномаи мо барои соли 2025 хеле васеъ буда, ҳам чорабиниҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷонибаро дар бар мегирад. Вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Кувайт дар расидан ба марҳалаҳои нави ҳамкорӣ нақши пешқадам мебозанд. Мо ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Кувайт, махсусан дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, диққати махсус додем».


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates