Вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

    11 январи соли 2023 сӯҳбати телефонии иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сурат гирифт.

    Сарвари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Б.Саидовро ба муносибати ба вазифаи баланди масъулиятнок таъин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти касбиаш муваффақият таманно намуд.

    Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон, дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ шуд.

    Доир ба рафти татбиқи созишномаҳои байни Президентҳои ҳар ду мамлакат ҳосилшуда мубодилаи афкор барпо гардид.

    Тайёрии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ дар формати дуҷониба ва дастгирии мутақобила дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид шуд.

    Ҷадвал ва ҷанбаҳои гуногуни чорабиниҳои дар сатҳи олӣ ва баланд ба нақша гирифташуда баррасӣ шуданд.

    Гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар фазои кушоду гарм ва дӯстона сурат гирифт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates