Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот кард

    13 марти соли 2023 сарвари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Фолкер Турк мулоқот анҷом дод.

    Ф.Турк ба ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон гузаронида мешавад, аз ҷумла ба таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, баланд бардоштани некуаҳволии онҳо баҳои мусбат дод. Ба Комиссари олӣ дар бораи рафти ислоҳоти конститутсионӣ, ки дар кишвар оғоз гардидаанд, маълумоти мукаммал пешниҳод карда шуд.

    Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои фаъолсозии минбаъдаи ҳамкориии Ӯзбекистон бо СММ ва сохторҳои махсуси он дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates