Дар ҷараёни сафар бо ректори Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд (ДТИТ) Бахтиёр Махкамов вохӯрӣ баргузор шуд. Дар ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва технологияҳои IT, табодули донишҷӯён, ташкили лексияҳо ва семинарҳои муштарак ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар мулоқот бо ректори Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд Гулчеҳра Рихсиева созишномаҳо дар бораи пешниҳоди грантҳо ба донишҷӯён барои таҳсил дар барномаҳои бакалавриат ва магистратураи ихтисоси забоншиносӣ дар Донишгоҳи «Ал-Қосимия» ва истифодаи барномаи омӯзиши босуръати забони арабӣ ба имзо расиданд.
Ҳайат инчунин ба вилоятҳои Самарқанд ва Бухоро сафар карда, бо намояндагони донишгоҳҳои давлатии ин минтақаҳо мулоқот намуд. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо ҷонибҳо дар бораи таъсиси маркази омӯзиши забон ва фарҳанги арабӣ, маблағгузории лоиҳаҳои ҳифзи мероси фарҳанги исломии Бухоро, баланд бардоштани сатҳи тахассуси устодони забони арабӣ ва суръат бахшидани ҷорӣ кардани таълими забони арабӣ ва таҳқиқи манбаъҳои таърихӣ ба созиш расиданд.