Бар асари сӯхтор дар вилояти Маскав шаҳрвандони Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд

    Муҳим 24 May 2024 7132

    Шаби 23 май дар хобгоҳе дар суроғаи: вилояти Маскав, ҳавзаи шаҳрии Истра, деҳаи Падиково сӯхтор ба амал омад, ки бар асари он шаҳрвандони Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд.

    Бино ба маълумоти пешакии Шӯъбаи консулии Сафорати Ӯзбекистон дар Маскав, дар хонаи сӯхта тақрибан 20 шаҳрванди хориҷӣ ба сар мебурданд, ки 11 нафари онҳо шаҳрвандони кишвари мо будаанд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Бар асари сӯхтор 8 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд, ки феълан шахсияти онҳо муайян карда мешавад. Дар миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Ӯзбекистон низ ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир ҷасади қурбониён дар Бюрои экспертизаи тиббии судии шаҳри Истра барои муайян кардани шахсияти ҷасадҳо қарор дорад.

    Бар асоси ин далел, мақомоти тафтишотӣ бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Русия (Сабаби марг аз беэҳтиётӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

    Вазъият таҳти назорати шӯъбаи консулии сафорат ва намояндагии Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар Маскав қарор дорад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates