Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти идора, ҳамагӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2021 2 миллиону 221 ҳазору 826 патенти меҳнатӣ расмӣ гардонда шудааст, ки 1 миллиону 316 ҳазору 569 ададашро шаҳрвандони Ӯзбекистон, қариб 787 ҳазорашро шаҳрвандони Тоҷикистон ва қариб 65 ҳазорашро шаҳрвандони Озарбойҷон гирифтаанд. Ба ғайр аз ин, шаҳрвандони Украина (37 ҳазор) ва Молдавия (17 ҳазор) патент расмӣ гардондаанд, хабар медихад ТАСС.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2021 теъдоди патентҳои корӣ барои муҳоҷирон тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, теъдоди рухсатномаҳои кори барои шаҳрвандони хориҷӣ расмигардондашуда низ афзоиш ёфтааст.