Баҳри иҷрои қарори сарвари давлатамон “Дар бораи чораҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021”, ки 8 августи соли 2020 қабул шудааст, парвозҳои мунтазами нақлиёти ҳавоӣ бинобар хатсайри Фарғона-Сӯх-Фарғона ба роҳ монда мешаванд.

Парвозҳо рӯзҳои душанбе ва ҷумъа дар масири Фарғона-Сӯх соати 10:00 ва дар масири Сӯх-Фарғона соати 12:00 ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо бо самолёти АН-2 анҷом дода мешаванд. Давомнокии парвоз 30 дақиқа аст.

Мусофирон метавонанд чиптаҳоро дар аэропортҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангон, инчунин бинои ҳокимияти ноҳияи Сӯх харид кунанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон.