IBA барои муштзанҳои дар Олимпиадаи Париж комёбшуда ҷоизаҳои алоҳидаи пулӣ ҷудо мекунад

    Варзиш 30 May 2024 1379

    Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) аз ҳисоби фонди ин созмон ба ғолибон ва барандагони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2014 кумаки махсуси молӣ хоҳад расонд. Дар ин бора президенти IBA Умар Кремлев изҳор дошт.

    Ба иттилои хидмати матбуоти КМО, барои ҳар як медали тилло 100 ҳазор доллар ҷудо мешавад. Аз ин маблағ варзишгар 50 000 доллар, Федератсияи миллии ӯ 25 000 доллар ва мураббӣ 25 000 доллар мегиранд.

    Барои медали нуқра 50 000 доллар ҷоиза дода мешавад, ки аз он варзишгар 25 000 доллар мегирад ва 25 000 доллари боқимонда байни мураббӣ ва Федератсияи миллӣ баробар тақсим карда мешавад.

    Барои медали биринҷӣ 25 ҳазор доллар пешбинӣ шудааст, ки 12,5 ҳазораш ба варзишгар мерасад. 50 дарсади боқимонда байни мураббӣ ва федератсия тақсим мешавад.

    Илова бар ин, ҳатто варзишгароне, ки ба чорякфинал роҳ меёбанд, 10 000 доллар мегиранд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates