Як гурӯҳи байналмилалии олимон низоми наверо бар пояи зеҳни сунъӣ таҳия кардаанд, ки имкон медиҳад саратони ҷигар дар марҳилаҳои барвақт тавассути таҳлили пораҳои ДНК дар хун ошкор карда шавад.
Самаранокии ин усул дар озмоишҳо бо иштироки ихтиёриён
аз Руминия ва Гватемала тасдиқ шудааст.
Мутахассисони соҳаи биологияи молекулавӣ аз ИМА ва ҳамкорони
хориҷии онҳо дар таҳияи ин низом саҳм гузоштаанд. Система аз шабакаи нейронӣ
барои таҳлили ба истилоҳ «фрагментом» — маҷмӯи пораҳои ДНК, ки аз ҳуҷайраҳои
варам ба гардиши хун ворид мешаванд, истифода мебарад.
Ба гуфтаи профессори Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс Виктор Велкулеску, натиҷаҳои таҳқиқот
нишон додаанд, ки озмоиш метавонад бемориро дар одамони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон
бо самаранокии баланд муайян кунад. Ба андешаи муҳаққиқон, ин натиҷа барои
истифодаи минбаъдаи усул дар амалияи тиббӣ дурнамои хуб фароҳам меорад.
Дар
озмоишҳо 377 нафар аз Руминия ва Гватемала иштирок карданд. Аз миёни онҳо дар
244 нафар қаблан карсиномаҳои гепатоселлюлярӣ — маъмултарин навъи саратони ҷигар
— ташхис шуда буд. Олимон намунаҳои хуни беморони гирифтори ин беморӣ ва
одамони солимро таҳлил намуда, қобилияти алгоритмро барои фарқ кардани ин ду
гурӯҳ санҷиданд.
Натиҷаҳо нишон доданд, ки зеҳни сунъӣ набудани бемориро
дар 92 дарсади одамони солим дуруст муайян карда, саратони ҷигарро дар тақрибан
80 дарсади беморон ошкор кардааст. Ба арзёбии олимон, ин нишондиҳандаҳо аз
имкониятҳои бархе аз усулҳои мавҷудаи ташхис бар асоси таҳлили хун
баландтаранд.
Пояи таҳияи ин технологияро бозёфти ҳамин гурӯҳи муҳаққиқон чанд сол қабл
ташкил медиҳад. Он вақт олимон пораҳои хоси ДНК-ро муайян карда буданд, ки дар ҳуҷайраҳои
омоси ҷигар ба вуҷуд омада, дар одамони солим вуҷуд надоранд. Таҳқиқоти нав
нишон дод, ки таҳлили сохтори чунин пораҳои ДНК метавонад новобаста аз маҳалли
зист ва пайдоиши бемор барои ташхиси барвақти саратони ҷигар воситаи муассир
бошад.
Аҳамияти ин таҳқиқот дар пасманзари афзоиши шумораи
гирифторони саратони ҷигар дар ҷаҳон бештар мешавад. Коршиносон ин равандро ба
паҳншавии бемориҳои музмини ҷигар, ғизои нодуруст ва истеъмоли аз ҳад зиёди
машрубот рабт медиҳанд.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон
тақрибан 866 ҳазор ҳолати нави саратони ҷигар ба қайд гирифта шуда, шумораи
фавтидагон аз ин беморӣ аз 758 ҳазор нафар мегузарад.
Яке аз омилҳои асосии муваффақияти табобат ташхиси саривақтии беморӣ мебошад.
Бо вуҷуди ин, то имрӯз усулҳои дастрас, ғайриинвазивӣ ва самараноки ташхиси
оммавии саратони ҷигар маҳдуд буданд.
Олимон бар ин назаранд, ки озмоиши нави бар пояи зеҳни сунъӣ дар оянда
метавонад барои гузаронидани муоинаҳои васеи пешгирикунанда истифода шавад ва
ба ошкор кардани омос дар марҳилаҳои аввали беморӣ мусоидат кунад. Дар ин марҳила
имкониятҳои табобат ва назорати беморӣ хеле бештар мебошанд.