Дар ин бора Хидмати матбуоти Академияи илмҳои Ӯзбекистон хабар дод.
Зикр мегардад, ки имрӯз ифлосшавии ҳаво, махсусан зиёд шудани газҳои зараровар ба мисли CO₂, инчунин ифлосшавии об бо металлҳои вазнин ва рангҳои химиявӣ ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст.
Барои ҳалли чунин муаммоҳо талабот ба маводи тозаи экологӣ, самаранок ва устувор меафзояд.
Аэрогели нави гибридӣ дар асоси нанотселлюлозаи барқароршаванда таҳия шуда, ба муҳити зист зарар намерасонад.
Афзалиятҳои асосии аэрогел:
материал хусусияти нигоҳдории самараноки газҳои зараровар, аз ҷумла CO₂-ро дорад;
барои ҷудо кардани ионҳои металлҳои вазнин ва рангҳои зараровар аз об имкон фароҳам менамояд;
ба туфайли хосиятҳои баланди изолятсионӣ масолеҳи босамари сохтмонӣ ба ҳисоб меравад;
низоми наноговакӣ барои ҷабби мавҷҳои овоз ва фароҳам овардани шароити акустикӣ мусоидат мекунад;
бинобар паст будани гузаронандагии гармӣ, сарфаи энергияро таъмин менамояд;
нисбат ба зарба ва таъсири беруна устувор;
баробари сабук будан, ба ҳарорати баланд тобовар аст.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ин мавод метавонад дар саноат, экология ва сохтмон васеъ истифода шавад ва дар оянда ҳамчун як навоварии муҳим барои ҳифзи муҳити зист хизмат кунад.