Ҳиндустон нақша дорад, ки дар вилояти Фарғона беморхонаи бисёрсоҳавӣ кушояд

    Тандурустӣ 30 Oktabr 2024 1131

    Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров бо директори беморхонаи бисёрсоҳаи «VED»-и Ҳиндустон Вайвхав Пател мулоқот кард.

    Бино ба иттилои сафорати Ӯзбекистон, дар мулоқот масъалаи таъсиси клиникаи бисёрсоҳаи байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ҳиндӣ дар вилояти Фарғона баррасӣ шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Вайвхав Пател дар бораи фаъолияти клиникаи «VED» ва таҷрибаи бойи андӯхтаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ маълумот дод. Вай дар бораи дурнамои роҳандозии ҳамкорӣ бо вилояти Фарғона ва ташкили раванди расонидани хадамоти тиббӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ибрози назар кард.

    Инчунин оид ба чорабиниҳои муштарак ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи кормандони соҳаи тиб тавассути ҷалби мутахассисони соҳибихтисос аз Ҳиндустон табодули афкор сурат гирифт.

    Аъзои ҳайати вакилони Ҳиндустон биною иншоотҳоеро, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак заруранд, аз назар гузаронданд, дар бораи марҳалаҳои татбиқи ҳамкорӣ созиш ҳосил гардид.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates