Барои шаҳрвандони хориҷӣ хариди амволи ғайриманқулро дар Ӯзбекистон осонтар карданд

    Фармони Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон “Дар бораи ислоҳоти навбатӣ оид ба беҳтар гардондани муҳити соҳибкорӣ ва созмон додани шароит барои афзоиши устувори иқтисодӣ бо роҳи ривоҷ додани сектори хусусӣ” қабул гардид.

    Мутобиқи Фармон инҳо ҷорӣ карда мешаванд:

    ҳангоми фурӯхтани заминҳои ғайрикишоварзӣ ба воситаи савдои музояда дар асоси моликият ба муҳлати то 3 сол ба тақсим карда пардохтан рухсат дода мешавад;

    харидороне, ки ба андозаи на камтар аз 35 фоизи дороиҳои давлатӣ ва заминҳои ғайрикишоварзӣ, ки бо шарти тақсим карда пардохтан фурӯхта шудаанд, бунаки якдафъаиниа ибтидоӣ амалӣ намудаанд, ҳуқуқи ба сифати таъмини вом гузоштани амволи мазкур дода мешавад.

    Аз 1 майи соли 2022 ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки рӯйхаташ аз ҷониби Девони Вазирон тасдиқ шудааст, ҳуқуқи бидуни талаб намудани гувоҳномаи зист дар Ӯзбекистон ворид намудани сармоя дар намуди хариди объектҳои зерини ғайриманқули навбунёдшаванда дода мешавад:

    дар вилояти Тошканд, шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд – объектҳои мулки ғайриманқули арзишашон баробари 150 ҳазор доллари ИМА-и мувофиқи шартномаи дар давраи сохтмон имзошуда, инчунин объектҳои мулки ғайриманқули аллакай баҳрабардоришудаи арзишашон баробари на кам аз 180 ҳазор доллари ИМА;

    дар дигар минтақаҳо – объектҳои амволи ғайриманқули арзишашон баробари на камтар аз 70 000 доллари ИМА бинобар шартномаҳое, ки дар давраи сохтмон имзо шудаанд, ва объектҳои мулки ғайриманқули аллакай ба баҳрабардорӣ супурдашудаи арзишаш баробари на камтар аз 85 000 доллари ИМА.

    Ҳамзамон, хариди ин объектҳои амволи ғайриманқул барои гирифтани шаҳодатномаи сабти ном ва истиқомати доимӣ дар Ӯзбекистон аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ асос намебошад.

    Ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ қимати амволи ғайриманқули барои гирифтани муҷаввизи будубош дар Ӯзбекистонро аз 400 ҳазор доллари ИМА дар вилояти Тошканд ва шаҳри Тошканд дар муодули то 300 ҳазор доллари ИМА муъодили 300 ҳазор доллар кам карда шуд, хабар медиҳад шабакаи ҳуқуқии вазорати адлия.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates