Дар ин бора хидмати матбуоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки гумонбар дар фурудгоҳи Внуково дастгир ва ба ватанаш баргардонида шудааст.
Ширкате, ки ин нафар раҳбарӣ мекард, барои кишти пахта аз бонк ҳудуди 9 миллион доллар кредит гирифтааст. Ӯ аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ қариб 20 миллион доллар фоида ба даст оварда, ӯҳдадориҳои худро оид ба пардохти қарз иҷро накарда, ба хориҷ фирор кардааст.
Пас аз дарёфти иттилоъ аз Бюрои марказии миллии Интерпол дар Ӯзбекистон дар бораи эҳтимоли вуруди гумонбар ба Русия, ӯ дарҳол пас аз фуруд омадани ҳавопаймо боздошт ва худи ҳамон рӯз ба Ӯзбекистон фиристода шуд. Ӯро дар фурудгоҳ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир кардаанд.