Ҳамаи шумо — актёрҳо ва режиссёрҳои машҳур, наворбардорон ва рассомон, продюсерону киношиносон, ходимони намоёни маданият ва санъатро, ки аз тамоми ҷаҳон омадаед, ба муносибати ифтитоҳи Ҷашнвораи XIV байналмилалии кинои Тошканд «Гавҳари Роҳи абрешим» самимона табрик мегӯям.
Дар форуми ҳозира, ки таҳти шиори «Барои сулҳ, маърифат ва пешрафт» мегузарад, зиёда аз 300 нафар устодони санъати кино аз 35 мамлакат иштирок доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷашнвораи байналмилалии кинои Тошканд, ки таърихи беш аз ним аср дорад, имрӯз дар шароити Ӯзбекистони Нав мазмуну аҳамияти тоза касб карда, нуфузи он дар ҷаҳон меафзояд.
Чунон ки маълум аст, солҳои охир дар мамлакати мо ба мувофиқи талаби замон ривоҷ додани кинематография диққати махсус дода мешавад. Бо ширкатҳои кинои машҳури ҷаҳон алоқа барқарор карда шуда, дар бораи ҳамкорӣ дар офаридани филмҳои бадеӣ бо зиёда аз 30 мамлакати ҷаҳон созишномаҳо ба даст оварда шудаанд. Бо мақсади амалӣ гардондани лоиҳаҳои миллӣ ва хориҷӣ шаҳрчаҳои махсуси кино сохта мешаванд. Барои ширкатҳои хориҷӣ, ки мехоҳанд дар Ӯзбекистон филм эҷод кунанд, шароити ҳамаҷониба фароҳам оварда мешавад.
Умедворам, ки дар ҷараёни ҷашнвора шумо бо ислоҳоти мо дар соҳаи синамо шинос мешавед ва барои боз ҳам баланд бардоштани самаранокии кор дар ин самт пешниҳодҳои худро тақдим хоҳед кард.
Боварӣ дорам, ки вохӯрию суҳбатҳои ошкоро, суҳбатҳои пурҷӯшу хуруш, нахустнамоиши сершумори филмҳои бадеӣ, ки имрӯз дар майдончаҳои кушодашавии кинофестивал барпо мегардад, дар фаъолияти эҷодии ҳамаи иштироккунандагони он, дар инкишофи маданият ва санъати Ӯзбекистон саҳми сазовор мегузорад.
Бори дигар шуморо ба муносибати кушода шудани Ҷашнвораи XIV байналмилалии кинои Тошканд муборакбод менамоям, бигзор ин фестивали аҷоиби санъат ба шумо таассуроти фаромӯшнашаванда бахшад, дар олами кино номҳо ва истеъдодҳои нав пайдо кунад.
Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, комёбиҳои нави эҷодӣ ва дар кори ҷашнвора муваффақият орзумандам.
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳуриии Ўзбекистон