Дар ин бора ширкати давлатии телевизион ва радиои Эрон (IRIB) хабар дод.

Дар натиҷаи ҳамла, ҳавопаймои амрикоии “Palm Jet” сарнагун карда шуд ва ба хатти парвозу нишаст зарар расид.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ), ба пойгоҳ се дрони камикадзе ҳамла анҷом додаанд.

Ёдовар мешавем, ки Эрон 28 феврал дар посух ба зарбаҳои Исроил ва ИМА амалиёти “Ваъдаи ҳақиқӣ 4”-ро оғоз карда буд. На танҳо Исроил, балки ба кишварҳои минтақаҳое чун Арабистони Саудӣ, АМА, Баҳрайн, Қатар ва Урдун, ки дар онҳо иншооти низомии ИМА ҷойгиранд, низ мавриди зарбаҳои мушакии Эрон қарор гирифтаанд, хабар медиҳад report.az.